ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Роҳбари дипломатияи Иттиҳодияи Аврупо Ҷозеп Боррел аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо даъват мекунад, ки ба таври фаврӣ ба Украина аслиҳаи дархосткардаашро бидиҳанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба "Bloomberg" хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъҳо, Боррел ба дипломатҳои аршади Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки тасмим бояд "дар давоми рӯзҳо, на ҳафтаҳо" қабул шавад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.