ДУШАНБЕ, 11 апр - Sputnik. Нерӯҳои Ҷумҳурии Мардумии Донетск назорат ба бандари Мариуполро муқаррар карданд. Дар ин бора раҳбари ин ҷумҳурӣ Денис Пушилин хабар додааст.
"Дар мавриди бандари Мариупол, он аллакай таҳти назорати мост", - гуфт ӯ дар пахши яке аз шабакаҳои телевизионии Русия.
Дар навбати худ ёвари аршади нохудои киштии "Азов Конкорд" Алексей Ижевский гуфт, ки ҷангҷӯёни украинӣ баромадгоҳи бандарро минагузорӣ карда, кранҳои шинокунандаро зери об мондаанд.
Ба гуфтаи муовини сардори Раёсати милитсияи мардумии ҶМД Эдуард Басурин, ҷониби Русия тақрибан 80 дарсади бандарро таҳти назорат гирифтааст.
Нерӯҳои ин ҷумҳурӣ аз шаш киштие, ки аз ҷанговарони баталони "Азов"* гаравгон гирифта буданд, 47 нафар маллоҳонро озод кардаанд.
Қаблан Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия 98 дарсади қаламрави Мариуполро таҳти назорат доранд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсиди режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд ва то 25 март вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро карданд - онҳо тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш доданд.
Ҳадафи асосии Русия озодкунии Донбасс гуфта мешавад.
*Баталони миллии "Азов", ки ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Украина ворид аст, дар Русия ифротӣ эътироф ва мамнуъ эълон, алайҳи ҷангиёни он дар Федератсияи Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.