Аз авиатсия ба маориф. Ба Субҳонзода вазифаи нав доданд

Бо як фармоне раисҷумҳури Тоҷикистон мудири Агентии авиатсияи граждании кишварро директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъйин кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Субҳонзода Икром Субҳон мудири Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президенти кишвар таъйин шуд.
Бояд қайд кард, ки Субҳонзода Икром Субҳон то имрӯз ба ҳайси мудири Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон кор мекард ва бо қарори раисҷумҳур аз ин вазифа барканор шуд.
Субҳонзода дар вазифаи наваш Саидзода Шоҳин Нуриддин, писари Нуриддин Саид, вазири маорифи собиқ ва раиси феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро иваз кард.
Моҳи феврали соли равон Шоҳин Саидзода бо фармони раисҷумҳур аз вазифаи раиси Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди раисҷумҳури Тоҷикистон барканор шуда буд.
Барканории Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид ва нозири №1-и маориф
Ӯ бо сабаби “ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи қаблиаш озод шудааст.
Шоҳин Саидзода, писари Нуриддин Саид, вазири асбақи маориф ва раиси феълии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 ба вазифаи директори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Ӯ дар синни 36-солагӣ ба ин мансаб расид.
Номи Саидзода Шоҳин қаблан ба далели зикраш дар "Диссернет" бо иттиҳоми асардуздӣ расонаӣ шуда буд. Ӯ ба роҳбарии ниҳоде таъйин гардида буд, ки назорати бахши маорифро ба уҳда дошт.