Рӯза масуниятро паст намекунад, балки чандин бемориҳоро шифо мебахшад

Рӯза дар як моҳ метавонад чандин бемориҳоро табобат кунад ва ё ҷараёни онҳоро сабук гардонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Рӯза гирифтан дар моҳи шарифи Рамазон рӯҳро тоза мекунад ва саломатиро қавӣ мегардонад. Вале ҳастанд нафароне, ки мегӯянд, аз гирифтани рӯза масуният паст мешавад. Барои посух ба иддаои ин нафарон Pressa. tj тавсияи мутахассисонро нашр намудааст.
Ба таъкиди онҳо, ҷисми инсон аз истеъмоли ғизои мунтазам дар давоми як сол хаста мегардад ва моҳи Рамазон имкон фароҳам меорад, ки ҷисм дар истироҳат бошад. Дар баробари ин рӯзагирӣ дар организм ҷараёни тозашавиро ҷорӣ менамояд.
Дар моҳи Рамазон ҳангоми рӯза доштан суръати таппиши дил камтар ва фишори хун паст мегардад. Сатҳи холестерин паст ва фишори хун ба эътидол меояд. Аз ин рӯ рӯза барои нафарони дилкасал фоидаовар ба шумор меравад.
Раиси Шӯрои уламо гуфт, киҳо метавонанд рӯза нагиранд
Рӯзагирӣ муҷиби кам шудани вазни бадан мегардад ва дар натиҷа табобати тарбод (ревматизм) осон мегардад, зеро банду буғумҳо сабуктар мешаванд.
Ба ақидаи табибон, рӯза масуниятро мустаҳкам намуда, нишондоди кори лимфотситҳо ва таркиби ҳуҷайраҳои барои масунияти бадан ҷавобгӯро даҳ баробар беҳтар месозад. Рӯза садди роҳи фарбеҳӣ гашта, туршнокии аз ҳад зиёдро, ки сабаби пайдоиши захми меъда мегардад, рафъ месозад.
Бо шарофати он ки дар моҳи Рамазон миқдори натрий дар хун баланд мешавад, пайдоиши санги гурдаро пешгирӣ менамояд.
Палав ё ширчой? Давлатов сирри гурусна намондан ҳангоми рӯзадориро гуфт
Ҳамзамон истеъмоли ғизои камнамак ва камрӯған ҳангоми ифтор бемориҳои илтиҳобии пӯст, аз қабили нараки пӯстро кам месозад. Ғизои кам миқдори қандро дар хуни нафарони гирифтори диабети қанд паст мекунад. Дар натиҷа ҳолати ғадуди зери меъда сабук гашта, миқдори зиёди инсулин дар ҷисм кам мегардад.
Тавре маълум аст, риоя намудани парҳез дар тибби расмӣ барои табобати бемориҳои зиёд, аз ҷумла бемориҳои ҷигар ва рӯдаву меъда аҳамияти хоса дорад. Рӯзагирӣ имкон медиҳад, ки заҳру таҳшинҳо аз организм берун шаванд.