ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Амонзода Ширин, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳошияи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Корея бо раиси шаҳри Сангҷу ҷаноби Канг Юнг Сок дидору гуфтугӯ кардааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот масоили ҷалби қувваи кории мавсимӣ аз Тоҷикистон ба минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Манбаъ таъкид кардааст, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи ёддошти баимзорасида, тибқи талабот, қувваи корӣ барои корҳои мавсимӣ аз Тоҷикистон ба шаҳри Сангҷу сафарбар карда шуда, ҷонибҳо ҳамчунин тавофуқ карданд, минбаъд низ дар риштаҳои мухталиф ҳамкории густурда ба роҳ мемонанд.