ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар дар рӯзҳои наздик бинобар баланд шудани ҳарорат дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ аз хатари омадани сел ҳушдор медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, хатари селфароӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, қисмати ғарбии ВМКБ ва навоҳии кӯҳии вилояти Хатлон вуҷуд дорад.
Дар робита ба ин кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз ҳар гуна сафарҳои безарурат, ғунучини занбӯруғ, гиёҳҳои дармонбахш, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ кунанд.
Чорвочарониро кормандони ин ниҳод дар наздикиҳои рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ва кӯлҳо тавсия намедиҳанд.
Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандоне, ки дар деҳот ва ноҳияҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳад, ки худро бо пойафзоли резинӣ таъмин намоянд, телефонҳои худро омода нигоҳ доранд ва дар сурати пеш омадани ин ё он ҳодисаи ногувори фавқулодда ба мақомоти зирабт дар тамос шаванд.
Ба хотири пешгирӣ аз харобиҳои эҳтимолии сел сокинонро лозим меояд, сари вақт ҷӯйборҳо, селроҳаҳоеро, ки сари роҳи хонаи онҳост, тоза кунанд, то об маҷрои худро биёбад ва вориди хонаҳо нашавад.
Ин ниҳод ба хотири пешгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагони мошинҳои сиёҳшиша даъват мекунад, ки ҳаракатҳои шабонаро маҳдуд кунанд.
Ронандагонро лозим меояд, қоидаҳои ҳаракатро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро боло набаранд, фосилаи байни мошинҳоро низ риоя кунанд.