Ёде аз қаҳрамонон: Баргузории шанбегӣ бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Душанбе

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия бахшида ба 77-умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ шанбегӣ баргузор карданд
Sputnik
Чунин иқдомот дар қабристонҳои православӣ ва ҷойҳои дафни низомиён дар қаламрави Тоҷикистон ҳамасола баргузор мешаванд.
Дар шанбегӣ шахсан фармондеҳи пойгоҳи низомии 201 полковник Евгений Ковилин ва сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат доштанд.
“Дар ёд дорам, аввалин қадамҳои ободонии қабрҳои сарбозони фавтида, ки 11 сол пеш аз сӯйи гурӯҳи “Хотира-201”-и ҳайати шахсии низомиёни пойгоҳи низомии 201 шуруъ шуда буд. Медонам, дар бораи муносибати тоҷикон ба таърихи бойи гузаштагони худ, хусусан ба каҳрамононе, ки барои гулгулшукуфои дурахшони халқҳои мо ҷони худро нисор кардаанд”, - гуфт Ковилин.
1 / 8

Сарбозони пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар қабристони православӣ шанбегӣ баргузор карданд

2 / 8

Дар шанбегӣ сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат дошт

3 / 8

Низомиёёни рус корхои зурталаб ба монанди буридани дарахтони куҳансол ва буридани буттаҳоро анчом доданд

4 / 8

Ба шанбегӣ хизматчиёни беморхонаи низомии 451-уми Вазорати дифои Русия низ шомил шуданд

5 / 8

Тарбиятгарони ҷунбиши ҳарбӣ-ватандустии “Юнармия” хар сол баробари калонсолон дар чорабинихо иштирок мекунанд

6 / 8

Ҷавонони тоҷик дар шанбегӣ

7 / 8

Дар маҷмуъ беш аз 200 нафар аз вазорату идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятии мухталифи Тоҷикистон барои тоза намудани қабристони православӣ ширкат карданд

8 / 8

Ин иқдом ба муносибати 77-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд

Дар шанбегӣ дар ҳудуди қабристони православии шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбӣ, хизматчиёни беморхонаи ҳарбии 451-уми Вазорати дифои Русия, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, тарбиятгирандагони ҷунбиши ҳарбӣ-ватандӯстии “Юнармия” иштирок намуданд.
Барои гиромидошти хотираи фавтидагон кормандони Бонки марказии Русия, донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе ва ҳамчунин кормандони ниҳодҳои гуногуни қудратии Русия дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.
Ин иқдом ба муносибати 77-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор шуд.