ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Нахустин мактаби русӣ барои 1200 хонанда дар маҳаллаи Темурмалики Хуҷанд рӯзи 1 сентябр ба истифода дода мешавад.
Мақомот ваъда медиҳанд, муассисаи таълимии сеошёна, ки сохтмони он аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад, сари вақт ба истифода дода мешавад.
Аз ин муассиса аз номи раисиҷумҳур, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дидан кард.
Вазир ба тамоми масъулин дастуру супоришҳои зарурӣ дода, ҷиҳати тоза кардани гирду атрофи бинои таълимӣ дастур дод.
Гуфта мешавад, дар чорчӯби равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар тӯли се соли оянда дар кишвар 5 мактаби русӣ ба истифода дода мешавад.
Сохтмон ва таҷҳизи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода низ идома дорад.
Ҳар кадоми онҳо барои қабули қариб 1200 нафар донишомӯз пешбинӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайатҳои Русия низ дар ҷараёни сафари расмии худ ба Тоҷикистон борҳо аз сохтмони мактабҳо боздид кардаанд.