ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Оҷонсии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзҳои истироҳати оянда ҳаво сокинони Тоҷикистонро бо гармиву боришоташ ба ҳайрат меорад.
Дар рӯзҳои истироҳати оянда ҳаво дар Душанбе рӯзона то 30 дараҷа ва шабона аз 17 то 20 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол рӯзи шанбе дар пойтахт боришоти кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво рӯзона тақрибан 27 дараҷа гарм мешавад.
Чунин манзара дар навҳоии тобеи марказ низ дида мешавад, вале 9 апрел боришоти қариб ду баробар зиёд дар назар аст. Суръати шамол то 7 метр дар як сония дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон ва Кӯлоб низ рӯзона боришот дар шакли борон пешгӯӣ мешавад, вале рӯзи якшанбе аз нав офтобӣ, 32 дараҷа рӯзона ва шабона то 19 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои баръакс мешавад. Дар он ҷо тақрибан дар тамоми шаҳру ноҳияҳо миқдори максималии боришот то 13 мм пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, дар баробари борон боридани барфи тар низ баъзан дар назар аст. Ҳарорат дар Хоруғ рӯзона 13 дараҷа ва шабона 7 дараҷа гарм мешавад. 10 апрел бошад, ҳаво абрнок, вале бебориш мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба фарқ аз манотиқи дигари кишвар рӯзҳои истироҳат бебориш мешавад. Аммо дар ин рӯзҳо шамол то 11 метр дар як сония мевазад. Дар Хуҷанд рӯзона 31 дараҷа ва шабона 21 дараҷа гарм мешавад.