Падари Киркоров дар шуъбаи эҳё бистарӣ шуд

Певец Бедрос Киркоров
Падари Филипп Киркоров ба далели мушкилоти дил ба таври фаврӣ дар шуъбаи эҳё бистарӣ шуд. Табибон бемории қалби ӯро ташхис карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр – Sputnik. Овозхони поп Бедрос Киркоров, падари ҳунарманди маъруфи Русия Филипп Киркоров дар бемористон бистарӣ шуд.
Ин хабарро намояндаи писараш тасдиқ кард.
Киркоров ба бемористони 3-юми Маркази клиникии ҳарбии вилояти Маскав ба номи Вишневский фиристода шудааст.
Вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.
Бедрос Киркоров 2 июни соли 1932 дар Булғор ба дунё омада, ҳоло 89 сол дорад.