Ҳамоиши тиҷории Эрону Русия: талоши Маскаву Теҳрон барои густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ

Дар шаҳри Маскав ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрону Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати эронӣ ва русӣ баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Ҳамоиши бузурги тиҷоратии Эрон ва Русия бо ҳузури намояндагони беш аз 350 ширкати ин ду кишвар дар Утоқи бозаргонӣ ва саноати Русия баргузор шуд.
Дар идомаи ин ҳамоиш намояндагони 70 ширкати эронӣ ва 300 ширкати русӣ дар 9 бахши мухталиф, аз ҷумла саноат, фанноварӣ, соҳаи нафту кимиё, дору, саноати ғизоӣ ва ғайра ба сурати рӯ дар рӯ бо якдигар ҷаласаҳои тиҷорӣ баргузор карданд ва ба музокира пардохтанд.
Бояд гуфт, дар ин ҳамоиш Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав, Алиризо Паймонпок, раиси кулли Созмони тавсеаи тиҷоратӣ ва Сергей Катрин, раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати Русия дар хусуси зарфиятҳои ҳамкориҳои иқтисдоӣ ва тиҷоратии байни ду кишвар, бахусус дар шароити кунунӣ изҳори назар карданд.
Эрон ба Русия барои пешгирӣ аз таҳримҳои ИМА чораҳо пешниҳод кард
Қайд кардан лозим аст, ки ахиран ҳайати 70-нафарии эронӣ вориди Маскав шуд, ҳайате, ки 53 нафари онро намояндагони бахши хусусӣ ташкил медиҳанд.
Ин ҳайат аз ҳавзаҳои мухталиф, бахшҳои саноатие чун семент, обзиён, саноати ғизоӣ, пойафзол, пӯшок, таҷҳизоти пизишкӣ, доруӣ ва донишбунён ҳастанд.