Ҳамлаи ваҳшиёнаи террористӣ дар маркази Телавив - акс аз ҷои ҳодиса

Шоми панҷшанбе дар қисмати марказии Телавив як марди мусаллаҳ ба сӯйи мардум оташ кушод
Sputnik
Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи тирпаронӣ ду нафар ба ҳалокат расида, дастикам 12 нафар, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд.
Мақомоти Исроил ин ҳодисаро ҳамлаи террористӣ арзёбӣ карданд.
Тирпарронӣ дар як минтақаи серодам, дар наздикии чанд тарабхона сурат гирифтааст.
Ин чорумин ҳодиса тайи ҳафтаҳои ахир дар ин кишвар аст.
Ҳамлагар як шаҳрванди 28-солаи фаластинӣ аз шаҳри Ҷенин, воқеъ дар соҳили ғарби Урдун будааст.
Кормандони мақомоти қудратӣ рӯзи дигар, субҳи барвақт дар минтақаи Яффо, ҷануби Телавив ӯро таъқиб карданд.
Зимни боздошт тирпаронӣ ба амал омад, ки дар натиҷа ӯ кушта шуд.
Дар ҷустуҷӯи ӯ ҳудуди 1000 афсари пулис бо кумаки сарбозон ширкат карданд.