Песков: Путин ҳатман бо Жириновский видоъ мекунад

Маросими видоъ бо роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский рӯзи ҷумъа баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳатман бо раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский видоъ мекунад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт.
"Президент ҳатман бо Жириновский видоъ мекунад", - гуфт Песков.
Ёдовар мешавем, Владимир Жириновский рӯзи 6 март бар асари бемории вазнин ва дуру дароз даргузашт.
Хабари марги сиёсатмадорро раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин таъйид кард.
Владимир Жириновский даргузашт
"Пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ Владимир Жириновский даргузашт. Сиёсатмадори дурахшон ва боистеъдод, марде, ки ҳамеша кори ҷаҳонро амиқ дарк ва бисёр чизҳоро пешгӯӣ мекард", - навишта буд Володин дар "Telegram-канал"-и худ.
Жириновский рӯзи 2 феврал бо нишонаҳои сироятшавӣ аз бемории коронавирус ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол дода шуд. Пизишкон муайян намуданд, ки ҳудуди 50-75 дарсади шуши ин сиёсатмадор гирифтори беморӣ шудааст. Духтурон барои наҷоти ҳаёти роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия зиёд мубориза бурданд, вале талошҳои онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.