ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Будапешт ба ҳама гуна таҳримҳои зидди Русия дар соҳаи энержии ҳастаӣ мухолифат нишон дод.
Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Петер Сиярто гуфт, ки ин барои Маҷористон "хатти сурх" хоҳад буд.
Ба гузориши хабаргузории "Reuters", бо истинод ба вазири Маҷористон, рӯзи 6 апрел ба ин кишвар аз Русия нахустин бахши сӯзишворӣ барои нерӯгоҳи барқи атомии "Пакш" интиқол дода шуд.
Он тавассути алоқаи ҳавоӣ супурда шуд, зеро бинобар рӯйдодҳои Украина интиқол тавассути роҳи оҳан ғайриимкон шуд.
Қайд карда мешавад, ки энергияи атомӣ барои Маҷористон воситаи таъмини амнияти энергетикӣ мебошад. Ин андешаро мақомоти ин кишвар борҳо изҳор доштаанд.
Бояд гуфт, ки нерӯгоҳи атомии "Пакш" ягона истгоҳи электрикии атомии Маҷористон мебошад.
Он аз рӯи тарҳи шӯравӣ сохта шудааст, ки ҳамаи 4 реактораш навъи ВВЕР-440 мебошанд. Сохтани боз 2 реактори ВВЕР-1200 пешбинӣ шудааст.
Истгоҳ дар масофаи 100 километр дуртар аз Будапешт, 5-километрии шаҳри Пакш воқеъ аст.
Гуфта мешавад, нерӯгоҳи электрикии атомӣ бештар аз 50 фоизи қувваи барқ дар Маҷористонро тавлид мекунад.
Қаблан хабар дода шуд, ки мақомоти Маҷористон омодаанд, ба Русия гузашт кунанд ва пули гази табииро бо рубл пардохт кунанд.
Будапешт оид ба тафсилоти техникии пардохти захираҳои энергетикӣ бо "Газпром" кор мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷониба дар бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиёт ва фанноварӣ ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо кишвардои Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои бегона бо рубл ташкил кунанд.
Дар баробари ин ҳаҷми таъминот, нарх ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир мемонанд.