Канада дипломатҳои русро ихроҷ намекунад: сарвазир Трюдо иҷозат надод

Сарвазири Канада изҳор доштааст, ки дар сурати ихроҷ кардани дипломатҳои рус Оттава аз идомаи иртибот бо Маскав ва пуштибонии канадагиҳо дар Русия маҳрум мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Канада дипломатҳои русро ихроҷ карданӣ нест, зеро ин хилофи манфиатҳои кишвар аст, гуфт сарвазир Ҷастин Трюдо.
Ба гуфтаи ӯ, ихроҷи русҳо монеи идомаи иртиботи Маскав бо Оттава ва пуштибонии канадагиҳои муқими Русия аз нахуствазир мешавад.
"Мо бояд хеле эҳтиёткор бошем. Мо намехоҳем, дар ин замони буҳронӣ, ки масъалаҳои дипломатӣ ба миён меоянд, аз манбаъҳои иттилоот дар Маскав маҳрум бошем. <...> Агар мо дипломатҳои русро аз Канада фиристем, ба мисли дигар кишварҳо ва иттифоқчиёни мо ин боиси аз даст додани дипломатҳоямон дар Маскав хоҳад шуд", - афзуд Трюдо.
Медведев: Русия ояндаи Авруосиёи бозро бунёд мекунад
Бино ба иттилои радиои Канада, ин қарорро сарвазир сарфи назар аз фишори сиёсатмадорони муҳофизакори Канада қабул кардааст.

Ихроҷи дипломатҳо

Пас аз оғози амалиёти низомӣ дар Украина Русия бо ихроҷи бесобиқаи дипломатҳои рус рӯ ба рӯ шуд. Бино ба гузориши РИА "Новости", беш аз 300 дипломати рус давоми на бештар аз як моҳ ба Русия фиристода шуданд.
Вазорати хориҷаи Русия борҳо аз ғайриқонунӣ будани ин гуна иқдомот ва ҳаққи бархӯрди ҷавобӣ ёдоварӣ кардааст, бархе аз дипломатҳои хориҷӣ аллакай Русияро тарк кардаанд.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳур дар шарҳи ин вазъ гуфт, ки чунин иқдомоти кишварҳои ғарбӣ имкони иртибототро дар шароити бесобиқаи душвор танг мекунад.