Ҳавои Тоҷикистон то 36 дараҷа гарм мешавад

Дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва бебориш мешавад. Ҳавосанҷон гармии ҳаворо дар баъзе минтақаҳо то 36 дараҷа пешгӯӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Дар ВМКБ ҳаво камабр ва бебориш мешавад, хабар медиҳад Оҷонсии ҳавошиносӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар ғарби вилоят шабона 4-9 ва рӯзона 24-25 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар қисмати шарқӣ рӯзона 7-12 дараҷа гарм ва шабона 6 -11 дараҷа ҳаво сард хоҳад шуд.
Манбаъ ҳавои вилояти Суғдро низ бебориш пешгӯӣ карда дамои ҳаво рӯзона то 29-34 ва шабона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар аксар ноҳияҳо шамоли сахт мевазад. Шиддати он дар як сония ба 13 - 18 метр хоҳад расид.
Моҳи апрел барои тоҷикистониён армуғон меорад: пешгӯии ҳавои якмоҳа дар Тоҷикистон
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Рӯзона 31-36 ва шабона 10-15 дараҷа ҳаво гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ боришот дар назар нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 9-14 ва рӯзна 28-33 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои Душанбе ҳам бебориш буда, шабона 9-11 ва рӯзона 30-32 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.