Владимир Жириновский даргузашт

Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия дар Маскав даргузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз марги сиёсатмадори рус, раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский хабар дод.
Жириновский баъди бемории вазнин ва дуру дароз аз олам гузашт.

"Пас аз бемории вазнин ва тӯлонӣ Владимир Жириновский даргузашт. Сиёсатмадори дурахшон ва боистеъдод, марде, ки ҳамеша кори ҷаҳонро амиқ дарк ва бисёр чизҳоро пешгӯӣ мекард", - навиштааст Володин дар "Telegram-канал"-и худ.

Тибқи иттилои расмӣ, ин сиёсатмадор рӯзи 6 март дар Бемористони марказии клиникӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ дар ҳолати кома қарор дошт ва ба худ наомада, ҷаҳонро падруд гуфт.
Ба иттилои расонаҳо, сабаби марги Жириновский оқибатҳои сироятёбӣ ба коронавирус будааст. Мушкилоти саломатии Жириновский дар авоили моҳи феврал пайдо шуд.
Боз як "пешгӯӣ"-и ҳайратангези Жириновский амалӣ шуд
Духтурон барои наҷоти ҳаёти роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия зиёд мубориза бурданд, вале талошҳои онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.
Ба таъкиди пизишкон, ҳудуди 50-75 дарсади шуши сиёсатмадор осеб дида буд. Иллати шадид шудани бемории ӯро дар дер муроҷиат кардани сиёсатмадор ба табибон арзёбӣ кардаанд.
Соли гузашта Жириновский 75-солаи худ таҷлил карда буд.