ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, метавонанд ба ҷои кор умед банданд. Дар ин бора муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Нурулло Маҳмадуллозода дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар барномаи давлатии пуштибонӣ аз шаҳрвандоне, ки тоза аз дигар кишварҳо бармегарданд, амал мекунад.
Онҳо бо кумакҳои бахши ҳифзи иҷтимоӣ таъмин шуда, ҳамчунин барои гирифтани маълумоти касбӣ ё такмили ихтисос ба онҳо кумак расонда мешавад. Баъд аз он эшон дар қаламрави ҷумҳурӣ бо кор таъмин хоҳанд шуд. Илова бар ин ба чунин шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок низ дода мешавад.
"Дар соли 2021 2 ҳазору 850 муҳоҷири корӣ, ки ба Ватан баргаштанд, ба Хадамоти шуғли аҳолии кишвар муроҷиат кардаанд ва аз ин шумор 2 ҳазору 652 нафарро мардон ва 198 нафарро занон ташкил медиҳанд", - гуфт муовини вазири меҳнат.
Гуфта мешавад, ки бо мусоидати Хадамоти шуғли аҳолӣ 575 нафар ба ҷойи кори нав таъмин, 543 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ ҳидоят, 155 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб гардида, 126 нафар ба гирифтани қарзи имтиёзнок барои таъсиси соҳибкории худ муваффақ шуданд.
Дар баробари ин 1451 нафар тоҷике, ки ба Ватан баргаштанд курсҳои роҳнамоии касбиро хатм кардапнд.
Маҳмадуллозода меафзояд, барои ҳамгироии дубораи муҳоҷирони бозгашта ба бозори меҳнат дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ҳамчунин дар ВМКБ ва Душанбе марказҳои хадамоти шуғли аҳолӣ фаъолият мекунанд.