ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 0.149 сомонӣ қимат дорад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 1 сомонӣ (148) зиёд аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.7063 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.7625 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетағйир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Ҳамин тавр, қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 12.5000 то 12.5000 сомонӣ;
1 евро аз 13.7063 то 13.99 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1492 то 0.1505 сомонӣ.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.