Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Нархи парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон якбора поин рафт

Поин рафтани қурби асъор боиси коҳиши қимати парвозҳо аз Русия ба хориҷ шуд: коршиносон кишварҳоеро ном бурданд, ки нархи чипта дар як ҳафтаи ахир арзонтар шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Русия дар давоми як ҳафта нархи чиптаи ҳавопаймо ба кишварҳои хориҷ ба таври қобили мулоҳиза поин рафтааст. Дар ин бора омори ироакардаи "Интурист" ва "OneTwoTrip" шаҳодат медиҳад.
Коршиносон қайд карданд, ки чунин тамоюл дар Русия ношӣ аз поин рафтани қурби доллар ва евро аст.
Арзиши миёнаи билети рафтубаргашт ба хориҷ аз Русия аз 28 март то 4 апрел дар муқоиса бо нархи як ҳафтаи пеш 20% коҳиш ёфтааст.
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба Фаронса бештар (64%) коҳиш ёфтааст. Барои парвоз ба ин кишвар ба ҳисоби миёна тақрибан 52 ҳазор рубл сарф мешавад.
Мамлакатҳои маъмул барои саёҳат дар моҳи майро гуфтанд: оё Тоҷикистон дар ин феҳраст ҳаст?
Нархи чипта ба Миср 60% арзон шуда, тақрибан ба 24 ҳазор рубл расид. Маврикий сегонаи самти арзонтарро бастааст. Нархи парвоз ба ин ҷазира 41% - то 42 ҳазор рубл кам шудааст.
Дар Русия коҳиши қимати чиптаҳо ба кишварҳои дигар низ сабт шуд.
Масалан, арзиши парвоз ба Булғористон 39% (29 ҳазор рубл), 33% ба Туркия (27 ҳазор рубл), 25% ба Гурҷистон (26,7 ҳазор рубл) ва 24% ба Черногория (54 ҳазор рубл) коҳиш ёфтааст.
Ширкатҳои сайёҳӣ дар бораи поин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистон низ хабар доданд. Дар давоми як ҳафта арзиши парвоз ба Тоҷикистон 22 фоиз арзон шуд.
"Utair" гуфт, чӣ гуна муфид метавон ба Тоҷикистон билет харид
Акнун шумо метавонед бо нархи тақрибан 10 ҳазор рубл аз Русия ба кишвар парвоз кунед, аммо қимати билети сафар ба Русия бештар аз ин аст.
Дар ҳамин ҳол нархи чипта ба Таиланд (56 ҳазор рубл) ва ба Арманистон (16 ҳазор рубл) поин рафтааст.
Қаблан ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ваъда дода буданд, ки қимати парвозҳо ба Русияро боло намебаранд.