ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ рустои Еленовкаи Ҷумҳурии Мардумии Донетскро тирборон карда, ҳашт хумпораи калибри 122-миллиметрӣ партоб кардаанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба намояндагии ҷумҳурӣ дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас хабар медиҳад.
"Деҳаи Новомихайловка, маҳаллаи Еленовка: ҳашт хумпора бо калибри 122-миллиметрӣ партоб шуд", - омадааст дар хабари намояндагӣ дар канали "Telegram".
Президенти Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.
Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои украинӣ зарба мезананд ва то 25 март онҳо вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро иҷро кардаанд - тавони ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш додаанд.
Ҳадафи асосӣ аз амалиёт дар Украина озодкунии Донбасс номида мешуд.