Хатсайри нави автобус дар шаҳри Душанбе

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки аз ҳафтаи оянда дар пойтахт хатсайри нави ҳаракати автобус роҳандозӣ хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки шуруъ аз 12 апрел дар пойтахт хатсайри нави автобусии №15 роҳандозӣ хоҳад шуд, иттилоъ додааст дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи иттилои манбаъ, автобуси №15 дар ин хатсайри нав аз маҳаллаи 103-юм то шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат хоҳад кард.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Манбаъ қайд кардааст, ки хатсайри мазкур мутобиқи хатти сайри микроавтобуси №15-и пешин хоҳад буд.

“Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат менамоянд", - қайд кардааст манбаъ.

Мақомоти шаҳри Душанбе таъкид кардаанд, ки пардохти роҳкиро аз тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.