Баҳори гарм: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикисон

Сокинон ва меҳмонони Тоҷикистонро ҳавои гарму бебориш интизор аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳавои Тоҷикистон гарму бебориш мешавад. Ҳарорати ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносии кишвар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа сард, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд камабри бебориш мешавад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои камабри бебориш ҳукмфармо хоҳад буд. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 29+34 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ камабри бебориш дар назар аст.
Дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзна 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Душанбе низ бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво шабона 11+13 дараҷа гарм, рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.