Аҳмадзода собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат намуд

Ин сокини ноҳияи Спитамен иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон буда, хидматҳояш бо як қатор медалу ифтихорномаҳо қадр карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат Абдурашид Ҷабборовро аёдат кард.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раси вилояти Суғд, Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Спитамен аз аҳволи собиқадори меҳнат бохабар шудааст.
Абдурашид Ҷабборов 10 октябри соли 1950 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст.
Ӯ соли 1968 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро Абдурашид Ҷабборов аз соли 1973 дар колхози ҳамонвақтаи Украина ҳамчун гидротехник оғоз намудааст.
Ӯ дар давоми фаъолияти кории худ дар соҳаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла раиси Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Спитамен кор кардааст.

Мавсуф иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, хидматҳояш бо як қатор медалу ифтихорномаҳо қадр карда шудааст.

Раиси вилоят дар суҳбат бо собиқадори меҳнат гуфтааст, ки давлату ҳукумат меҳнати фидокоронаи собиқадоронро ҳамеша қадр мекунад.
Аҳмадзода таъкид кардааст, ки пирони кор барои тарбияи наврасону ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.
Оқил Оқилов чӣ ҳол дорад? Аҳмадзода ба аёдаташ рафт
Манбаъ афзуда, ки Абдурашид Ҷабборов дар навбати худ барои дастгириҳои доимӣ ба президент изҳори сипос кардааст.