ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Ӯзбекистон филиали макотиби олии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон филиали донишгоҳҳои Ӯзбекистон таъсис дода мешаванд.
Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба мувофиқа расидаанд.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар рафти мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масоили рушд ва таҳкими ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ кардаанд.
Аз ҷумла тарафҳо масоили эътирофкунӣ (нострификатсия)-и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии ҳамдигарро баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро муҳокима шудааст.
Дар баробари ин сиёсатмадорон таъсиси факултаву филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалу факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаи баргузор кардани Шӯрои ректорон ва вохӯрии донишҷуёни ҳар ду кишварро дар як вақт ба хотири омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар муфид шуморидаанд.