Идомаи ошуфтагӣ дар бозори асъори Тоҷикистон: эълони қурби рублу доллар ва евро

Ошуфтагӣ дар бозори арзи Тоҷикистон ҳамчунон идома дорад. Рубли русӣ пас аз коҳиш тайи рӯзҳои истироҳатӣ каме боло рафтаву евро бошад, боз коҳиш ёфтааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме бол рафта, ҳоло 1000 рубл 0.149 сомонӣ қимат дорад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 1 сомонӣ (148) зиёд аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ боз коҳиш ёфтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 13.7625 сомонӣ муқарар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 13.8088 сомонӣ медоданд.
Пули амрикоӣ бошад, бетайир монда, ҳар як доллар 12.5000 сомонӣ арзиш дорад.
Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 144 сомонӣ ва зимни фурӯш 152 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 148,7 сомонӣ ва зимни фурӯш низ ҳамин нарх аст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 148,7 ва 150 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 142 сомонӣ мехараду ба ивази 150 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.