ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Шуури "хунолуду пур аз дурӯғ"-и баъзе украинҳоро дигар кардан лозим аст. Дар ин бора Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия дар шабакаи "Telegram"-и худ навишт.
Вай таъкид кард, ки ин вазифа барои Маскав авлавият дорад.
Сулҳи наслҳои ояндаи Украина аз ин вобаста аст, инчунин "эҷоди Авруосиёи боз - аз Лиссабон то Владивосток", - таъкид кард ӯ.
"Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи ғайринизомисозӣ нозизудоии Украинаро ба таври қатъӣ гузоштааст. Ин вазифаҳои мураккаб якбора иҷро намешаванд. Ва онҳо танҳо дар майдонҳои набард ҳал нахоҳанд шуд", - хулоса кард Медведев.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таҳқиру наслкушии режими Киев қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозии Украина" анҷом дода, ҳамаи масъулилини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Рӯзи 28 феврал дар Беларус музокироти Русияву Украина оғоз шуд.
Ҷонибҳо се вохӯрии рӯ ба рӯ баргузор намуда, баъдан мулоқотҳо ба таври онлайнӣ идома ёфтанд. 29 март ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия мулоқот карданд.
То ба ҳол ҷонибҳо натавонистаанд ба пешрафте ноил шаванд, аммо дипломатҳо дар мавриди ташкили долонҳои башардӯстона ба мувофиқа расиданд.