ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Мамнуияти воридоти газ аз Русия ҳоло барои Олмон ғайриқобили қабул аст, мегӯяд Анналена Бурбок, вазири хориҷаи Олмон.
Вай дар ин бора дар шабакаи телевизионии "Tagesschau" изҳори назар кард.
"Агар эмбаргои комил ин ҷангро қатъ мекард, пас мо онро фавран анҷом медодем", - навиштааст нашриёти "Велт" аз қавли вазири хориҷа.
Чунин тасмим танҳо низоъро дар шароити кунунӣ афзоиш хоҳад кард, афзуд вазир.
Бо вуҷуди ин Бурбок гуфт, шеваи марҳила ба марҳила қатъ кардани воридоти газ аз Русия на танҳо омода карда мешавад, балки "ба таври оммавӣ" оғоз хоҳад шуд.
Мақомоти Олмон ин мавзуъро бо шарикони аврупоӣ дар Брюссел рӯзҳои наздик баррасӣ хоҳанд кард.
Роберт Ҳабек, ноиби садри аъзами Олмон низ эътироф карда буд, ки эмбаргои гази Русия тасмими дуруст хоҳад буд.
Ба ақидаи ӯ, агар Берлин ба таҳрими сӯзишворӣ аз Русия шуруъ кунад, ин боиси парокандагии ҷомеаи Олмон ва зарбаи ҷуброннопазир ба тиҷорат хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо пас аз оғози амалиёти вижа дар Украина алайҳи Русия таҳримҳои густарда ҷорӣ карданд.
Маҳдудиятҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ҷудо кард.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ ва ангиштро манъ ва баъдан ба ин рӯйхат арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро илова кард.