Моҳидорӣ дар Суғд то 1 июн мамнуъ шуд

Дар вилояти Суғд аз оғози моҳи апрел то моҳи июн сайди моҳӣ манъ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Аз 1 апрел то 1 июни соли равон дар вилояти Суғд сайди моҳӣ манъ шуд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд мегӯяд, ин тадбир бо мақсади муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят роҳандозӣ гардидааст.
Илова бар ин тадбири мазкур ба зиёд шудани теъдоди моҳӣ низ шароит муҳайё мекунад.
Омодагии Тоҷикистон барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба саросари Русия
Гуфта мешавад, ки дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи олами ҳайвонот", моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ" ва банди "а"-и моддаи 17-и "Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои дорои аҳамияти моҳидории Ҷумҳурии Тоҷикистон", дар ин марҳила сайди моҳӣ манъ аст.
Ҳамин тариқ дар муддати муайянгардида манъи сайди моҳӣ ба ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дахл дорад.
Ёдовар мешавем, ки мамнуияти муваққатӣ то 1 июни соли 2022 ҷорӣ карда шуд.