"Ашан" овозаҳо дар бораи қатъи интиқол ва сармоягузорӣ дар Русияро рад кард

"Ашан" итминон дод, ки кораш дар Русия мисли пештара идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. "Ашан" ба таври маъмулӣ кор дар Русияро идома медиҳад ва ният надорад, ки фаъолияти худро дар ин кишвар маҳдуд кунад, менависад РИА "Новости".
Ба гузориши манбаъ, маълумоте, ки дар бораи қатъи интиқол ва сармоягузории ин марказ дар Русия паҳн гардидааст, асоси воқеӣ надорад.
Қаблан дар сайти украинии ин ширкат хабар дода шуд, ки гӯё ин ширкат сармоягузорӣ дар Федератсияи Русияро қатъ намудааст.

"Ин матлаб воқеият надорад ва кӯшиши навбатии ноором кардани вазъ аст. "Ашан Ритейл Россия" ба кори маъмулӣ идома медиҳад ва нақша надорад, ки фаъолиятро қатъ ё коҳиш диҳад", - омадааст дар изҳороти хадамоти матбуотии ин ширкат.

Қаблан мудири ширкати "Auchan France" Ив Клод ба даъватҳои президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи тарки бозори Русия кардан вокуниш нишон дода буд.
Ӯ дар мусоҳиба бо нашрияи фаронсавии "Le Journal du Dimanche" таъйид кард, ки "Ашан" ба кори худ идома хоҳад дод.
Мудири "Ашан" ба даъвати Зеленский дар бораи тарки Русия посух дод
"Одамонро ба ҳамдигар муқобил гузоштан бефоида аст. Барои мо аз ҳама муҳим ин аст, ки кормандони худро нигоҳ дорем ва иҷрои рисолати асосии худро таъмин кунем. Мо ҳеҷ гоҳ ҳадафи дигаре надоштем. Моро танқид кардан осон аст, аммо мо ҳастем, мо барои мардуми осоишта боз ҳастем ва амал мекунем”, - гуфт ӯ.
Клод ҳамчунин аз уҳдадориҳои корфармо дар назди коргарони ширкат ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки тарки бозори Русияро "аз нигоҳи иқтисодӣ метавон тасаввур кард, аммо на аз нигоҳи инсонӣ".
Дар пасманзари вазъи Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳои шадид аз сӯйи Амрикову кишварҳои аврупоӣ баъзе аз мағозаҳои маъруф тарки Русия карданд ва ба кори худ дар ин кишвар то муддати номаълум нуқта гузоштаанд.
Бо вуҷуди ин мағозаҳои бузурги номӣ ҳамоно дар Русия кор мекунанд ва эълон кардаанд, ки ин кишварро тарк намекунанд.