Садамаи мудҳиш дар вилояти Маскав: автобус бо мусофирон аз пул сарозер шуд

Садамаи нақлиётӣ дар гардиш ба сӯи Матренино, дар ноҳияи Волоколамски вилояти Маскав рух дод, ки дар пай қурбонӣ дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар гардиши Матренинои ноҳияи Волоколамски вилояти Маскав, дар шоҳроҳи М-9 садамаи шадид рух дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Раёсати Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, автобуси мусофиркаш бо 20 нафар аз пул сарозер шудааст.
Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нахустин тавозун дар ҳаракати автобус тағйир ёфт ва сипас он деворро вайрон карда, аз болои гузаргоҳ сарозер шудааст.
Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин садама ду нафар ба ҳалокат расида, 13 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тибқи иттилои дигар, дар ин садама 9 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки эҳтимол дорад, ронандае, ки аз гузаргоҳ бо автобус сарозер шуд, зимоми идораи мошинро аз даст додааст. Ӯ зинда ва дар ҳоли стресс қарор дорад.
Гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Ду чархболи ёрии таъҷилии ҳавоӣ низ ба наҷоти мусофирон ҷалб шудаанд. Видеои нашршуда аз ҷои ҳодиса нишон медиҳанд, ки автобус ба паҳлу задааст.
Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи тафтишотии Федератсияи Русия ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамзамон муфаттишони вилояти Маскав ҳолатҳои садамаро таҳқиқ мекунанд.