Пешгӯии фоидаи бесобиқаи Русия дар шароити таҳримҳо

Як нашрияи амрикоӣ пешбинӣ мекунад, ки даромади нафту гази Русия дар соли 2022 метавонад ба 321 миллиард доллар бирасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Нашрияи "Bloomberg" менависад, агар харидорони аслии манобеи энержии Русия воридот аз ин кишварро бойкот накунанд, Маскав метавонад аз он ҳудуди 321 миллиард доллар ба даст орад.
Ин расона нишондиҳандаҳои пешбинишудаи савдо ва тавозуни пардохтро олӣ меномад.

"Бо вуҷуди фишорҳои бӯғикунандаи берунаи бахши молии Русия "Bloomberg" итминон дорад, ки Маскав имсол аз содироти манобеи энержияш ҳудуди 321 миллиард доллар дарёфт хоҳад кард, ки дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан сеяк баробар бештар аст", — гуфта мешавад дар гузориш.

Русия метавонад фоидаи бесобиқаи ҳисоби ҷориро интизор шавад, ки ба гуфтаи Корпоратсияи байналмилалии молия (IIF), он метавонад ба 240 миллиард доллар расад.
Ба гуфтаи гурӯҳи IIF, таҳримҳо натавонистаанд аз вуруди “асъорҳои сахт” ба Русия ҷилавгирӣ кунанд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки даромад аз фурӯши манобеи энержӣ ба Маскав имкон медиҳад, ки пайомадҳои таҳримҳои Ғарбро коҳиш диҳад.
Коршиноси олмонӣ: Нархи газ Русияро "тилоӣ" мекунад
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 24 феврал раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як суханронии телевизионӣ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ барои дифоъ аз ҷумҳуриҳои Донбасс хабар дод.
Аз он вақт ба ин сӯ кишварҳои ғарбӣ таҳримҳои зидди Русияро афзоиш дода, теъдоде аз бонкҳо, мақомоти баландпояии ин кишварро ба рӯйхати сиёҳ ворид карданд ва дороиҳои онҳо дар хориҷи кишварро мунҷамид сохтанд.
Маскав ба таври возеҳ изҳор дошт, ки ҳеҷ гуна нақшаи ишғолӣ надорад ва ҳадафи ин амалиёт ҳифзи мардуми осоиштаи Донбасс аз наслкушӣ, ғайринизомисозӣ ва нозизудоӣ дар Украина аст.