Билети ҳарбиро 25 ҳазор сомонӣ нарх монданд: боздошти корманди Гвардияи миллӣ

Як корманди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми порагирӣ боздошт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 апр – Sputnik. Ожонсии зидди фасод О.М, муовини фармондеҳи қисми ҳарбӣ - сардори қисми тибии шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии кишварро дастгир кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи муроҷиати корафтода шаҳрванд “А” дастгир шуд.
Гуфта мешавад, ӯ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои ноқобил донистани ба хидмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудани ин шаҳрванд аз хидмати харбӣ аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намудааст.

"Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тибии шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ ёфта, гирифта шуд", - афзуд манбаъ.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда мутобиқи моддаи 32, қисми 3, 319, қисми 1, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳоро ҷарима ба андозаи аз 233 то 583 ҳазор сомонӣ ё то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад.
Ёдовар мешавем, ин нахустин боздошти кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ набуда, дар гузашта низ оҷонсӣ аз чунин ҳолатҳо зиёд хабар додаааст.