Трамп гуфт, Амрикоро "даҳшати иқтисодӣ" интизор аст ва Байденро гунаҳкор кард

Президенти собиқи ИМА гуфт, ки ба ин кишвар на Русия ва Чин, балки сиёсатмадорони дохилӣ таҳдид мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Президенти пешини ИМА Доналд Трамп дар як гирдиҳамоии тарафдоронаш дар Мичиган гуфт, ба ИМА на Русия ва Чин, балки сиёсатмадорони дохилии кишвар таҳдид мекунанд.

"Баландтарин таҳдид барои мо на аз берун, балки аз сиёсатмадорони бемор ва радикалист, ки дидаву дониста, кишвари моро хароб кардан мехоҳанд. Ин бузургтарин таҳдид аст. Бештар аз Русия ё Чин", - гуфт ӯ.

Вай аз ҳозирин даъват кард, ки дар интихоботи миёндавраии соли 2022 назорати Конгрессро дубора ба даст оранд.
"Мо Қасри сафедро бармегардонем", - гуфт ин сиёсатмадор.
Трамп Путинро оқил номиду роҳбарони Амрикоро аблаҳ
Трамп тавзеҳ дод, ки Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо роҳбарии Ҷо Байден кишварро ба бадтарин замонҳо овард.
"Даромади воқеӣ коҳиш меёбад, мо дар остонаи даҳшати иқтисодӣ бо номи стагфлятсия қарор дорем. Оё касе медонад, ки ин чист? Таваррум ва таназзули ҳамзамон. Хуб садо медиҳад? Иёлот бори аввал дар таърих худро дар чунин сатҳи паст эҳсос мекунад", - таъкид кард ӯ.