Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаи аломатгузории марзро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Ӯзбекистон барои аломатгузорӣ намудани марз боз сари мизи музокирот нишастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Ҳайатҳои ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон протоколи навбатии марзро имзо карданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, рӯзҳои 28 март - 2 апрел дар шаҳри Бохтари Тоҷикистон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Комиссияи муштараки демаркатсионӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ корҳои аломатгузорӣ муҳокима гардида, пешниҳодоти мувофиқашуда оид ба хатти лоиҳавии демаркатсионии сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон омода карда шуданд.
Манбаъ меафзояд, пас аз анҷоми вохӯрӣ протоколи дахлдор ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, моҳи феврал низ як вохӯрии чандрӯза сари масъалаи мазкур сурат гирифт ва дар анҷоми музокироти онвақта низ протокол тасвиб шуд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон се хатсайри нави автобус роҳандозӣ карданд
Қаблан Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 1326 километр марз бо Ӯзбекистон аллакай 1319 километраш пурра муайян шудааст.
Ба гуфтаи вай, хатти марзӣ, ки номуайян боқӣ мондааст, асосан дар қисматҳоест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Маврид ба зикр аст, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёв дар Ӯзбекистон ва сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 равобит миёни ду кишвар беҳбуд ёфта, дар масъалаи аломатгузории марз низ пешрафтҳо ҳосил шудаанд. Аз ҷумла бинобар асоси созиши ду кишвари ҳамсоя, аз обанбори “Фарҳод” барои як муддати тӯлонӣ якҷоя истифода мекунанд.
Хоҷазода дар мавриди обанбори “Фарҳод” изҳор дошта буд, ки байни ду давлат шартнома вуҷуд дорад ва ягон баҳс дар миён нест.