Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия ба Украина наздики 7,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона расонд

Вазорати мудофиаи Русия ҳаҷми кумакҳои ирсолнамудаи ин кишвар ба Украинаро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар нуқтаҳои ҷамъоварӣ беш аз 22,5 ҳазор тонна кумаки башардӯстона омода карда шуда, беш аз 7 ҳазору 489 тонна бори башардӯстона ба Украина интиқол дода шудааст.
Дар ин бора генерал-полковник Михаил Мизинтсев, раиси Маркази назорати миллии дифои Федератсияи Русия ба РИА "Новости" хабар додааст.

"Дар нуқтаҳои қабули маводи ғизоӣ беш аз 22,5 ҳазор тонна маводи доруворӣ ва маводи зарурӣ омода карда шудааст. Аз 2 март то кунун Федератсияи Русия ба Украина 7 ҳазору 489,3 тонна колои башардӯстона ворид кардааст", - гуфт ӯ.

Мизинтсев таъкид кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта дар Украина 733 амали башардӯстона, аз ҷумла 9 адад дар ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск, дар вилоятҳои Харков, Запороже ва Херсон анҷом шудааст.
Ёдовар мешавем, рзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Тирезаҳои шикаста ва роҳҳои харобшуда: Пушилин аз Талаковка боздид кард - видео
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Беларус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.