ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи президент изҳори умедворӣ кард, ки дар натиҷаи талошҳои шадиди музокирот Маскав ва Киев ин санадро имзо мекунанд ва ин як қадами муҳим дар роҳи ба эътидол овардани вазъ хоҳад буд.
"Умедворам, ки дар натиҷаи талошҳои шадиде, ки дар музокироти Русияву Украина сурат мегирад, мо низ ба имзои санади муайяне мерасем ва ин як қадами муҳим дар роҳи ба эътидол овардани вазъ хоҳад буд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи "Россия 1".
Ба гуфтаи Песков, пас аз ин гуфтугӯи душвор бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо низ сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 24 феврал Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом ёфта, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Даври ахири ин музокира дар Туркия баргузор шуд. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.