ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 14 дастгоҳи вижаи партовнобудкунӣ тақдим гардид.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои мазкур дар доираи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия (АГВИ) оид ба "Устувор намудани системаи глобалии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" харидорӣ шудаанд.
Мутахасиссон мегӯянд, партовҳои тиббӣ ба кормандони соҳаи тиб, беморон ва муҳити атроф зарари зиёд мерасонанд.
Барои ҳамин ҷамъоварӣ, интиқол ва маҳви бехатари партовҳои тиббӣ яке аз самтҳои афзалитяноки соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад.
Тоҷикистон 14 дастгоҳи маҳвкунандаи партовҳои тиббӣ дастрас кард
© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикстон
Дастгоҳҳои мазкур шароити мусоидро барои муттамаркиз ва несту нобуд сохтани партовҳои тиббӣ фароҳам меоранд.
Манбаъ афзуда, ки мувофиқи фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ин дастгоҳҳо ба шаҳру ноҳияҳо дастрас ва васл карда мешаванд.