ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи беборишро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар водиҳо шабона 7+12, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боришонт дар назар нест, шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10, рӯзна 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 то 4 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда ҳаво шабона 8+10 дараҷа гарм, рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.