Дуди сиёҳу алангаи оташ: тасовири оташсӯзии анбори нафт дар Белгород

Бар асари ҳамлаи чархболи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба як анбори нафт дар яке аз шаҳрҳои Русия сӯхтор ба амал омад. Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ тамоми нерӯҳояшро барои хомӯш кардани оташ сафарбар кард
Sputnik
1 / 11

Сӯхторнишонҳо ҳама корро карданд, то ки сӯхтор ба дигар анборҳо паҳн нашавад.

2 / 11

Майдони сӯхтор дар анбори нафт 1200 метри мураббаъро ташкил додааст.

3 / 11

Кормандони хадамоти оташнишонии Вазорати ҳолатҳои изтирории Федератсияи Русия дар маҳалли сӯхтор ҳагоми хомӯшсозии аланга.

4 / 11

Ба ҷойи ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ низ навбатдор буд.

5 / 11

Осмони як қисми Белгородро дар минтақаи анборҳои нафти сӯзон дуди сиёҳ фаро гирифтанд.

6 / 11

Барои хомӯш кардани сӯхтор дар анбори нафт 59 адад техника сафарбар шуд.

7 / 11

Дар рафъи сӯхтори анбори нафти Белгород беш аз 190 нафар ширкат карданд.

8 / 11

Ба ҷои ҳодиса дастаҳои кормандони Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ пайиҳам ҳозир шуданд.

9 / 11

Сӯхтор, ки 8 бушкаи сӯзишвориро фаро гирифт, аз дур намоён буд.

10 / 11

Дуди азими сиёх аз болои анбори нафти сӯхтаистода баланд мешавад.

11 / 11

Ба ҷойи сӯхтор мошинҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия расидаанд.

Сӯхтор дар анбори нафти Белгород бар асари ҳамлаи ҳавоии 2 чархболи нерӯҳои ҳавоии Украина рух додааст, гуфт губернатори Белгород Вячеслав Гладков.
Бино ба гузоришҳо, чархболҳо дар масофаи камтар аз замин вориди қаламрави Русия шудаанд.
Бар асари ҳамлаи мушакӣ дар анбори нафти "Белгороднефтепродукт" сӯхтори шадид ба амал омад - 8 баки сӯзишворӣ бо ҳаҷми 2 ҳазор метри мукааб оташ гирифт.
Сухторхомушкунон тамоми қувваи худро барои хомӯш кардани оташ сарфарбар карданд. Бар асари тирборони нерӯҳои мусаллаҳи Украина дастикам 7 иншоот дар минтақаҳои саноатии "Северный" ва "Фабрика"-и Белгород осеб дидаанд.
Сӯхтор дар анбори нафти Белгород бар асари ҳамлаи нерӯҳои Украина сар зад - видео
Кормандони анбори нафт ва инчунин сокинони хонаҳои кӯчаҳои атроф ба ҷойи бехатар кӯчонида шуданд, дар байни онҳо талафот нест. Ба иттилои расонаҳо, тақрибан 1,2 ҳазор нафар аз маҳалли ҳодиса тахлия шуданд.
Губернатори вилоят Вячеслав Гладков, инчунин Вазорати рушди иқтисод ва саноати вилояти Белгород хабар доданд, ки бо сӯзишворӣ ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад - захираҳо бояд ҳадди аққал ним моҳ расанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дастур дод, ки тамоми чораҳоро барои таъмини бефосила бо маводи сӯхт ба минтақа биандешад.