Бархӯрди автобус бо ҳафт мошин дар Душанбе: ВКД гуфт, бо айби кӣ сар зад - видео

Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе садамаи мудҳиши рӯзи 2 апрел дар пойтахтро шарҳ дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, сонеҳаи нақлиётӣ тақрибан соати 13-35 сар зада, хушбахтона, дар натиҷаи он ягон нафар осеб ва ё ҷароҳатҳои ҷисмонӣ набардоштааст.
Гуфта мешавад, сонеҳаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи мусофиркашони ККВД "Автобус-1" хатсайри – 33, рақамҳои қайди давлатиаш 5787ТТ05, шаҳрванд Назар Назарови 36-сола сар задааст.
"Номбурда ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаҳои дар канори роҳ таваққуфбуда бархӯрдааст", - афзуд дафтари матбуотии РВКД.
Дар натиҷаи ин ҳодиса 7 адад авомашинаи сабукрав ва худи автобуси мазкур зарарҳои гуногуни техникӣ дидаанд.
Ин ниҳод мегӯяд, санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор дошта, сабабу омилҳои он муайян карда мешаванд.
Тавре дар видео мушоҳида мешавад, аксари худравҳои зарардида таксӣ мебошанд, ки дар канори роҳ қарор доштаанд.