ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Мамлакатҳои аъзои НАТО нисбат ба Украина мавқеи ягона надоранд ва баъзеи онҳо ҳатто мехоҳанд, "аз дастдодаҳои худро баргардонанд", менависад журналисти турк Илбер Васфи Сел дар рӯзномаи "dikGAZETE".
Сухан дар бораи ҳамсояҳои ғарбии Киев — Полша ва Венгрия меравад, ки чандин сол боз нақшаҳои ҳамроҳ кардани қисми ғарбии ҳамсояро мекашанд.
Чанде пеш шабакаи телевизионии TVP1 харитаи "Украинаи нав"-ро намоиш дод.
Дар он нишон дода шудааст, ки чӣ тавр вилоятҳои Лвов, Ивано-Франковск, Волин, Ровно ва Тернопол ҳамчун Полша ва вилояти Закарпате ҳамчун ҳудуди Венгрия қайд карда шудаанд.
Барои венгерҳои Закарпатия ин ибораи хушку холӣ нест. Ба бовари коршинос, сокинони вилоят борҳо масъалаи ба ҳамсоя пайвастанро матраҳ кардаанд.
Онҳо ҳатто ба мақомоти Будапешт бо дархости ҳимоят аз наслкушии воқеии нерӯҳои украинӣ муроҷиат карданд.
"Венгерҳои таҳҷоӣ, ки дар ин минтақа зиндагӣ мекунанд, умедворанд, ки комилан муттаҳид шаванд. Бо ин мақсад аҳолии венгери ноҳияи Береговскийи вилояти Закарпате ба омодагӣ ба раъйпурсӣ дар бораи пайвастани ин минтақа ба Маҷористон шуруъ карданд", - қайд мекунад рӯзноманигор.
Рӯзноманигори турк бар ин назар аст, ки иддаои ҳудудии ҳамсояҳои Киев аз пароканда бадуни блоки ғарбӣ бо сарварии Амрико шаҳодат медиҳад.
Қаблан муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев гуфта буд, ки изҳороти зиддирусии Лаҳистон нияти “баргардонидан”-и қаламравҳои таърихии мутааллиқ ба Украинаро пинҳон медорад.
Ба ақидаи ӯ, Варшаваи расмӣ барои сафед кардани ин гуна амалҳо аз суханрониҳои зиддирусӣ истифода мекунад.