ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён яке аз роҳҳои ба сулҳу субот расидани Афғонистонро фарогир кардани ҳукумати ин кишвар гуфт.
Дар ин бора Ашӯриён, ки раҳбарии ҳайати Тоҷикистон дар нишасти сеюми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар шаҳри Тунсии Чин мебошад, изҳори назар кард.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар шабакаи "Telegram"-аш навиштааст.
Музаффар Ашӯриён қайд карда, ки дар Афғонистон таъсиси ҳукумати фарогир тавассути интихобот ва ширкати тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ, этникӣ, иҷтимоӣ ва таъмини ҳуқуқи башар шарти бунёдии расидан ба ин ҳадаф аст.
Дар баробари ин вазири тоҷик аз идомаи кумаки Тоҷикистон ба Афғонистон хабар дод.
Душанбе ният дорад, ки ба Афғонистон кумакҳои башардӯстонаро тавассути фароҳам кардани шароит барои ҳамлу нақли ин гуна кумакҳо ба ҳамсоякишвар ва ҳамчунин интиқоли нерӯи барқ густариш диҳад, гуфт ӯ.
Дар мулоқоти ҳамсояҳои Афғонистон, ки 31 март дар Чин баргузор шуд, дар баробари кишвари мизбон инчунин ҳайатҳои Русия, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд. Инчунин ҳайати толибҳо низ дар ин мулоқот ҳузур дошт.
Мулоқоти қаблии вазирони умури хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд. Дар он мулоқот ҳайати толибҳо иштирок надоштанд.
Дар Теҳрон Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор карда буд, Душанбе ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон буда, муътақид аст, ки ба он метавон танҳо аз роҳи ташкили давлати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ даст ёфт.
Толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд.