Русия барои пардохти пули газ бо рубл як моҳ муҳлат медиҳад

Гузариш ба фурӯши захираҳои энергетикӣ бо пули миллии Русия боиси қатъи интиқоли газ дар рӯзи аввал намегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Гузариш ба пардохти газ бо рубл барои кишварҳои ғайридӯст, бахусус ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро, ки аз 1 апрел пешбинӣ шудааст, маънои қатъи фаврии интиқоли газро надорад.
Дар ин бора Дмитрий Песков, котиби матбуотии раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, пардохти захираҳои энергетикӣ дар давоми як моҳи тақвимӣ сурат мегирад.
"Пардохт барои интиқоли воқеие, ки ҳоло сурат мегирад, имрӯз анҷом дода нмешавад. Он дар нимаи дуюм ё охири моҳи апрел ё ҳатто дар аввали моҳи май пардохт шавад", - шарҳ дод Песков.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки масъалаҳои ҳамкорӣ бо харидорон бояд ба ширкати содиркунанда, яъне "Газпром" вогузор шавад.
Қаблан хадамоти матбуотии ширкати "Газпром" эълон карда буд, ки огоҳиномаҳо ба ҳамтоён дар бораи тартиби нави пардохти газ бо пули миллии Русия фиристода шудааст.
Коршиноси олмонӣ: Нархи газ Русияро "тилоӣ" мекунад
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс дар қаламрави Украина кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо як қатор таҳримҳои якҷонибаи марбут ба бахшҳои молӣ, энержӣ, нақлиётӣ ва фанновариро ҷорӣ карданд.
Дар вокуниш ба ин амалҳо раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Бонки марказӣ, "Газпром" ва ҳукумат дастур дод, ки пардохтҳои газро бо кишварҳои ғайридӯст бо рубл ба роҳ монанд.
Дар баробари ин хаҷми таъминот, нархҳо ва принсипҳои нархгузорӣ бетағйир боқӣ мемонанд.