Дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русия чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешаваду чорабиниҳо ба 30-юмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар бахшида мешаванд.
Дар ин бора торнамои намояндагии дипломатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин иқдомро, ки барои соли 2022 пешбинӣ шудааст, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо вазири фарҳанги Русия Олга Любимова баррасӣ кардааст.

"Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо имкони ташкили маҷмуи чорабиниҳои муштараки фарҳангии бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд", — омадааст дар хабарномаи сафорат.

Ҷониби Русия омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо ба манзури маъруф кардани мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистону Русия изҳор дошт.
Дар ҳамин ҳол, Гулмаҳмадзода аз рушди мусбати равобит дар арсаи фарҳанг ёдовар шуд. Ба фикри ӯ, мубодилаи маданиро дар соҳаи санъати касбии театрӣ, мусиқӣ ва бадеӣ вусъат додан лозим аст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2021 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор шуда буданд.
Филмсози тоҷик номзад ба ҷоизаи "Ника" шуд
Дар доираи чорабиниҳо ба мардуми тоҷик намоиши "Тӯли Вологда" пешниҳод шуда, дар Театри опера ва балети ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе ва дар бинои театри рақсии "Гжел"-и Маскав консертҳои ҳунармандони Театри давлатии рақсии Маскав ташкил карда шуданд.
Ҳамчунин дар авохири соли гузашта дар Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ) Рӯзҳои забон ва фарҳанги рус баргузор шуданд.