ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Эмомоалӣ Раҳмон роҳбари кишвар дар ин паёмаш гуфт, ки худдорӣ кардан аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва оростани дастурхони серхарҷу намоишкоронаро ҳангоми баргузор намудани ҳама гуна маросиму маъракаҳо ва махсусан дар давоми моҳи шарифи Рамазон муҳим донист.
“Мо понздаҳ сол пеш маҳз ба хотири ба танзим даровардани анъанаву маросим ва расму ойинҳои миллӣ аввалин қонуни миллиро қабул намудем. Раванди татбиқи қонуни миллӣ ва натиҷаҳои он собит сохтанд, ки ин иқдоми мо дурусту саривақтӣ ва ба манфиати мардум мебошад”, - гуфт роҳбари кишвар.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин қайд кард, ки ба шарофати қонуни мазкур маросиму анъанаҳо ва расму ойинҳои диниву миллии кишвар аз унсурҳои ифротиву хурофотӣ озод гардида, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба таври назаррас беҳтар шуд.
Президенти кишвар дар паёмаш қайд кард, ки мардуми Тоҷикистон бояд мувофиқи авзои умумии торафт мураккабу мушкилшудаистодаи замона амал карда, ҳаргиз ба зоҳирпарастиву исрофкорӣ, алалхусус ба исрофи нон роҳ надиҳанд.
“Мо набояд мушкилоту азоберо, ки мардумамон дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бинобар камчин гардидани нон кашида буданд, фаромӯш кунем”, - ёдовар шуд Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки ҳар як оила дар фикри таъминоти хонадони худ, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ бошад.