Қимати газ дар Аврупо ба беш аз 1500 доллар расид

Қимати гази табиӣ дар бозори Аврупо панҷ дарсад афзоиш ёфта, ба беш аз 1500 доллар барои 1000 метри мукааб расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Нархи газ барои ҳазор метри мукааб дар бозорҳои Аврупо дар оғози савдо аз 1,5 ҳазор доллар ҳам гузашт, иттилоъ додааст биржаи ICE Лондон.
Савдои гази табиӣ дар бузургтарин махзани аврупоӣ TTF аз 1480 доллар оғоз шуд ва дар чанд лаҳза арзиши ҳазор метри мукааби газ ба 1512,7 доллар расид. То ҳол нархи газ дар бозори аврупоӣ 5 дарсад афзоиш ёфтааст. Бояд гуфт, ки як рӯз пеш арзиши он 1432 доллар буд.
Ҳамин тавр қимати газ аз чор то панҷ фоиз афзоиш ёфта, дар ҳудуди 1460-1500 доллар боқӣ мемонанд.
Ҳамзамон, нархи нафт рӯзи дувум аст, ки томоюли поинравӣ дорад, коҳиши умумӣ тақрибан ҳафт дарсадро ташкил дод. То соати 07:40 ба вақти Маскав, нархи нафти навъи "Brent" дар моҳи июн 0,11 дарсад коҳиш ёфта, то 104,59 доллар барои як бушка савдо мешавад.
Русия барои пардохти пули газ бо рубл як моҳ муҳлат медиҳад
Нархи газ дар бозори Аврупо аз охири моҳи феврал ноустувории шадид нишон медиҳад.
Қимати манобеи энержии Русия пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина ва эъмоли таҳримҳои густурдаи Ғарб якбора боло рафт. Дар аввали моҳи март нархҳо дар давоми чаҳор рӯз боло рафтанд. Қимати газ дар авали моҳи март барои як ҳазор метри мукааб газ ба 3892 доллар расид.