Маблағи ҳангуфт гирифту хона надод: қаллобии сокини Душанбе

Як сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми қаллобӣ дастгир шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 апр – Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани як марди 50-сола бо гумони қаллобӣ хабар медиҳад.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, қаллобии ин мард дар пайи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ошкор шудааст.
Мақомоти қудратӣ маълум кардаанд, ки марди 50-солаи сокини шаҳри Душанбе сокини дигари пойтахтро ба доми фиреби худ кашидааст.
Ӯ 7-уми декабри соли 2019 бо роҳи фиреб ба бовари марди 67-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 316 ҳазору 609 сомонӣ гирифтааст.
Бар ивази ин маблағи ҳангуфт ӯ ваъда додааст, ки аз як бинои навсохт ба он мард як хонаи дуҳуҷрагӣ гирифта медиҳад.
Вале бо гузашти се сол ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Сокини Хуҷанд аз 30 нафар маблағи ҳангуфт гирифту онҳоро замин надод: шарҳи ВКД
Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин ягона ҳолати қаллобӣ набуда, Вазорати умури дохили Тоҷикистон ҳамарӯза аз боздошт шудани қалобон хабар медиҳад.
Ҳамин тавр сокини Хуҷанд беш аз 30 нафарро фиреб дода, аз онҳо 394 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, ваъдаи додани замин ба онҳоро кардаааст.
Ҳамин тавр аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров ин сокини 44-солаи шаҳри Хуҷанд бо моддаи 247, қисми 4, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.