Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Посухи Путин ба суол дар бораи оташбас дар Украина

Кишвардори Русия дар суҳбат бо сарвазири Итолиё дар бораи рафти музокироти Маскав ва Киев сухан гуфта, инчунин дар бораи гузариши пардохти маблағи гази Русия бо рубл маълумот дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Сарвазири Итолиё Марио Драгӣ ҷузъиёти гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Русия Владимир Путинро ошкор кард.
Дар ҷараёни суҳбат сиёсатмадор бо раҳбари Русия дар бораи имкони оташбас дар Украина суол додааст, менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи Драгӣ, Путин тавзеҳ додааст, ки шароит барои чунин амалҳо "ҳанӯз фароҳам нашудааст".
Дар ҳамин ҳол ҳам Русия ва ҳам Украина Итолиёро ҳамчун кафили амният медонанд. Драгӣ изҳори омодагӣ кард, ки дар ҳалли осоиштаи вазъият саҳм гузорад.
Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Русия зимни суҳбат бо сарвазири Итолиё ба ӯ дар бораи натоиҷи музокироти ҳайатҳои Маскав ва Киев иттилоъ дод.
Илова бар ин кишвардор дар бораи гузаштан ба рубл дар фурӯши гази Русия ба чанд кишвар, аз ҷумла Итолиё тавзеҳот дод.
"Ман танҳо шунидам, ки он вақт кормандони техникӣ бояд бо ҳам дар ин масъала тамос гиранд, то бифаҳманд, ки он чӣ гуна кор хоҳад кард", - гуфт Драгӣ.
Ёдовар мешавем, ки ин нахустин тамоси раҳбарон пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина аст, ки рӯзи 24 феврал оғоз шуд.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Шойгу гуфт, вазифаҳои асосии амалиёти вижа иҷро шуд
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина як рӯз пеш дар Туркия баргузор шуд.
Шойгу аз даъвати баҳорӣ гуфт: Наваскарон ба маконҳои даргирӣ фиристода намешаванд - видео
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.