Тавофуқи Эрону Русия дар бораи тақвияти ҳамкориҳо

Вазири хориҷаи Русия дар дидор бо ҳамтои эрониаш ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳоро дар ҳама соҳа тақвият диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сергей Лавров ва Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазирони умури хориҷии Русия ва Эрон дар як дидоре дар Чин новобаста аз таҳримҳои кишварҳои Ғарб алайҳи Маскаву Теҳрон хостори таҳкими равобити ду кишвар дар ҳама бахшҳо шуданд, иттилоъ додааст Вазорати хориҷаи Русия.
Музокироти Лавров ва Амирабдуллоҳиён ахиран дар шаҳри Тунсии Чин дар ҳошияи конфронси кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор шуд.

“Новобаста аз маҳдудиятҳои ғайриқонунӣ алайҳи Русия ва Эрон, ки аз ҷониби як қатор кишварҳои ғайридӯст эъмол шуданд, ин ду кишвар ҳамкориҳои мутақобилро дар тамоми бахшҳо тақвият медиҳанд”, - иттилоъ додааст манабаъ.

Ёдрас менамоем, ки чанде пеш Ҳусейни Амирабдуллоҳиён вориди Маскав шуда ва бо мақомоти олии ин кишвар дидору гуфтугӯ карда буд.
Амирабдуллоҳиён: Эҷоди таҳримҳои якҷониба зидди кишварҳоро равиши нодуруст медонем
Ҳусейни Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Эрон дар дидор бо Сергей Лавров гуфта буд, ки таҳаввулоти Украина вазъияти ҷадиде аст, ки дар арсаи минтақаӣ ва байналмиллалӣ рух додааст. Ӯ афзуд: “Мо басароҳат ҷангро маҳкум мекунем, чӣ дар Украина, Афғонистон ва Яман ва ҳар нуқаи дигар аз ҷаҳон, мо таҳримҳоро ҳам маҳкум мекунем, эҷоди таҳримҳои якҷониба зидди кишварҳо ва милатҳоро равиши нодуруст медонем ва бар роҳи ҳалли сисёсӣ дар мавзуи Украина тамаркуз мекунем”.
Ҳамчунин Амирабдуллоҳиён дар идома пайгирии музокироти Вена барои лағви таҳримҳои Эронро аз дигар аҳдофи сафари худ ба Маскав хонда буд.